ДАР НИҲОЛШИНОНӢ БА ЧӢ АҲАМИЯТ БОЯД ДОД?

Дар вилоят аз нимаи дуюми моҳи ноябр мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз гардида, он то аввали фасли баҳор идома меёбад. Мутахассисону боғдорони ботаҷриба ин давраро ба се марҳила ҷудо намуда, ҳарчи пештар шинонидани ниҳолро ба манфиати кор медонанд.

Сабзалӣ Ҷобиров, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Боғистон”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, ки солҳои зиёд ниҳолпарвар асту бо ҳамин пеша дар вилоят ва берун аз он ном баровардааст, барои сабзу хуррам ва ҳосилдеҳ гардидани ниҳолони дар моҳҳои декабр, январ шинонида мешаванд, маслиҳат медиҳад.

-Пеш аз ҳама бояд ниҳолро дуруст интихоб кард. Ниҳоли хуб тақрибан 1,5 метр баландӣ дошта, решааш ҳадди ақал аз 3-4 шохаи асосӣ иборат мебошад. Ҳангоми гирифтани ниҳоли парваришёфта кӯшиш намудан лозим аст, ки решаҳои он бе осеб аз замин берун бароварда шавад. Барои ин мо хоҷагидорон аз бели махсус истифода менамоем. Ҳамин, ки ниҳолро гирифтем, даррав решаи онро бо халтаи полиэтиленӣ (салафан) пӯшонида, ба харидорон ҳамон рӯз ба ҷойи лозима шинониданро тавсия медиҳем, — зикр намуд ниҳолпарвар.

Ин кишоварзи асил мегӯяд, ки ҷойи ниҳолшинонӣ низ барои сабзишу боровар гардидани он аҳамияти калон дорад. Ба гуфтаи ӯ дарахтро ҳамавақт дар баландӣ шинонидан лозим аст, ки бисёриҳо ба ин чандон таваҷҷуҳ намекунанд. Вобаста ба андозаи решаи ниҳол заминро бояд кофт. Ба ҳисоби миёна барои шинонидани ниҳолони дусолаи пайвандӣ чуқурии заминро ҳудуди 50 см ва атрофашро каме васеътар омода кардан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳангоми шинонидан бо дохили чуқурӣ пору рехтан мумкин нест, чунки он метавонад решаро сӯзонида, ниҳолро хушк кунад. Танҳо заминро намнок кардан даркор аст. Ниҳоли решааш хуб инкишофёфта дар баландии 25-30 см аз замини корам шинонида шавад соли аввал то 1 метри болои он ва нӯги навдаҳои дарозро ҳам каме мебурем. Ҷойи пайвандиро бошад, камаш 5 см болотар аз замин мондан лозим. Дар ин ҳолат ниҳол зудтар самаровар гардида, агар соли аввал 5-6 дона мева бандад, соли дуюм пурра ба ҳосил медарояд.

-Баъзеҳо аввал ҷойи ниҳолшинониро дар ҳавлӣ ё боғашон муайян ва ҷуқуриро наканда, ниҳол мехаранд ва якчанд рӯз дар хона нигоҳ дошта, кай вақт ёбанд, мешинонанд, ин амал нодуруст аст, — мегӯяд Сабзалӣ Ҷобиров.

Ба таъкиди ӯ барои ниҳолшинонӣ аввали баҳорро интизор шудан лозим нест. Беҳтарин вақти ниҳолшинонӣ ҳозир аст. Вақте ниҳоли парваришёфта аз сари замин дастрас карда мешавад, ҳатман решаи онро бо матоъ ё салафан маҳкам карда, ҳамон рӯз шинонидан беҳтар мебошад. Зеро дар ин ҳолат решаи навниҳол аз бод ва заррарасонҳо эмин нигоҳ дошта мешавад.

Барои аз ниҳолҳои шинонида ҳосили баланд гирифтан бояд ба тарзи буриши шохаҳои он низ аҳамият дод. Шохаҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва ба сабзиши дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеъ мешаванд. Бинобарин онҳоро тарзе буридан зарур аст, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Дар соли дуюми нашъунамои ниҳол ва он ҳам бошад, дар мавсими зимистон шохаҳои калонро бурида, дарозии навдаҳои нав монда мешавад. Пас аз он дар ҷойҳои навдаҳои буридашуда оҳак молидан даркор, зеро он навдаҳоро аз ҳашароти зараррасон муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо баъзе аз нафарон ба ҷойи буридашуда хок ва лой мемоланд, ки ин қатъиян манъ аст. Агар ба ҷойҳои буридашуда оҳак намолем, он хушк шуда, макони ҳашароти зараррасон мегардад, — илова намуд Сабзалӣ Ҷобиров.

Ҳамчунин ин ниҳолпарвари ботаҷриба тавсия медиҳад, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад.

Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад. Барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд.

Парвариши хуби нињоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар як минтақа вобаста аст. Масалан, дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта дар ноҳияҳои кӯҳистони Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор ба мисли себ, нок ва амсоли инҳо хеле хуб парвариш меёбанд.

Дар хусуси шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ бо истинод аз олимону мутахассисони соҳа Сабзалӣ Ҷобиров қайд намуд, ки бо назардошти иқлими гарму хушки минтақаи Бохтар, хусусан аз ноҳияи Кӯшониён то Панҷи Поён бештар парвариши ниҳоли дарахтони чинор, шумтол, павлония, булут, каталпа, заранг ба мақсад мувофиқ аст.

Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бошад, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод, ки иқлимашон нисбатан сардтар аст, ба парвариши ниҳоли дарахтони шоҳбулут, заранг, сафедор ва ғайра бартарӣ дода мешавад.

Амонулло Бахтиёрзода

http://safo-khatlon.tj/asosi/1785-dar-niolshinon-ba-ch-aamijat-bojad-dod.html

Related Articles