ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҚУЛФИНАЙ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 29 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамъоварии ҳосили қулфинай, дар ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок карданд.

 

 

 

 

 

 

Тибқи маълумоти додашуда, гармхонаҳои мазкур зери роҳбарии Аваззода Искандар дар масоҳати 1 гектар замин барои парвариши қулфинай бунёд шудааст ва аллакай 1 моҳ мешавад, ки ҳосили онро ба бозор баровардаанд. Дар назар аст, ки аз 1 гектар замин то 15 тонна қулфинай ҳосил рӯёнанд.

 

 

 

 

 

 

Ба иттилои деҳқонон соли равон истеҳсоли қулфинай нисбат ба нишондиҳандаи ҳаминдавраи соли гузашта хеле хуб арзёбӣ гардида, 1 килои он ҳоло 90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles