Имрӯз, 29 декабр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш ба қисми низомии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва ба сарбозони қисми низомии мазкур маҳсулоти хурокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, гушт ва ғайра ҳамчун кӯмаки яквақтаина дастрас намуданд.
Нахуст раиси вилоят дар саҳни қисми низомӣ дарахти ҳамешасабз шинонида, хобгоҳи аскаронро тамошо карданд ва аз шарту шароити зиндагии онҳо шинос шуданд. Сипас кормандон ва аскарон машқи намунавӣ нишон дода, асбобу дастгоҳҳое, ки ҳангоми наҷотдиҳӣ истифода мебаранд, ба намоиш гузоштанд.
Зимни суҳбати озод раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сарбозонро бахшида ба Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, таъкид карданд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.
— Чунон ки дирӯз Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр намуданд, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Баъдан раиси вилоят ба сарбозон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, сари дастархони идона нишастанд ва суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Сипас ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва рақсу таронаҳои ҷолиби ватанпарварона хотири сарбозонро шоду болида гардониданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон