Саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар 11 моҳи соли 2023 ба маблағи 10 миллиарду 440 миллиону 192,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 931,6 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 109,8 фоизро ташкил дод.
Бо вуҷуди пайгирии доимӣ ва андешидани тадбирҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба 769 адад расида, суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулот аз ҷониби 450 корхона таъмин гардид.
Мувофиқи омори расмӣ дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 29 адад, Абдураҳмони Ҷомӣ 13 адад, Ёвон 12 адад, Хурсон 8 адад, Восеъ 6 адад, Кӯшониён, Қубодиён ва Ҳамадонӣ 5 ададӣ, Ховалинг, Фархор ва Ҷайҳун 4 ададӣ, Бохтар, Шаҳритус ва Дӯстӣ 3 ададӣ, Норак, Левакант, Муъминобод 2 ададӣ, Вахш, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Носири Хусрав ва Балҷувон 1 ададӣ, дар маҷмуъ 115 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси ҳазорон ҷойи корӣ дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, мусалласи ангур, макаронбарорӣ, маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсулоти пластикӣ, филизӣ, хишти пухта, хишти роҳрав ва хишти қирӣ (сементӣ), собуни хоҷагӣ, моеъи зарфшӯӣ, симтур, коркарди пахта, мебелбарорӣ ба истифода дода шудааст.
Илова ба ин, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо барқароркунии корхонаи азотии шаҳри Левакант барои 1000 ҷойи корӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ховалинг, Восеъ, Кӯшониён, Вахш ва Ёвон бунёди корхонаи забҳи парранда ва банду басти он, коргоҳҳои коркарди мева ва қаннодӣ, коркарди пахта, нассоҷӣ ва истеҳсоли гаҷкартон бо назардошти 350 ҷойи корӣ иловатан барои 1350 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Ҳамзамон бо иштироки раиси вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Вахш корхонаҳои коркарди пахта ва маҳсулоти ширӣ бо дар назардошти 50 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маҷмуъ, соли равон дар бахши саноат барои 2135 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ҷойи кор таъсис дода шудааст.
Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли аксари маҳсулоти саноатӣ; аз ҷумла истихроҷи нафт ва гази табиӣ 32,6 млн. сомонӣ (109,5%), истихроҷи канданиҳои фоиданок 22,4 млн. сомонӣ (103%), истихроҷи маҳсулоти филизӣ 354,7 млн. сомонӣ (102,3%), истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо 1517,2 млн. сомонӣ (121,5%), маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол 2438 млн. сомонӣ (94,9%), коркарди чӯбу тахта, маснуоти чӯбин 28,3 млн. сомонӣ (112,3%), истеҳсоли селюлоза ва табъу нашр 1,2 млн. сомонӣ (112,2,0%), маҳсулоти нафтӣ 30,8 млн. сомонӣ (727,2%), маҳсулоти кимиёвӣ 283,6 млн. сомонӣ (226,6%), маҳсулоти резинӣ, пластмассӣ ва ғайрифилизии маъданӣ 1489,2 млн. сомонӣ (101,3%), маҳсулоти металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 89,2 млн. сомонӣ (119,7%), маҳсулоти тайёри филизӣ 83,9 млн. сомонӣ (115,8%) истеҳсол шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ 375,4 ҳазор метри мукааб регу сангмайда, 26,7 ҳазор тонна намаки ошӣ, 26,1 ҳазор тонна гушту калапоча, 10474,4 тонна гушти мурғ, 686,5 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 3371,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 32,8 млн. қуттӣ консерваи меваю сабзавот, 147,4 тонна мағзи мева, 158,1 ҳазор тонна орд, 27,1 тонна шираи растаниҳо, 52,3 ҳазор тонна маҳсулоти нонӣ, 1200,3 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 454,2 тонна макарон, 13,7 ҳазор тонна равғани растанӣ, 58,4 ҳазор дона маҳсулоти дорӯворӣ, 62,1 ҳазор тонна нахи пахта, 15,4 ҳазор тонна ресмони пахтагин, 12,7 млн. метр газворҳои пахтагин, 256,6 ҳазор дона либоси тагпӯш, 1,4 млн. футболка, 2,3 млн метри мураббаъ матои трикотажӣ, 2,3 млн. дона ҷӯробу пайпоқ, 55,1 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 1583486 дона либоси мактабӣ, 13 ҳазор ҷуфт пойафзол, 1,9 ҳазор пойафзоли ҳарбӣ, 3798,2 тонна бензин, 130,4 тонна сӯзишвории дизелӣ, 1061 тонна суперфосфат, 22 млн. дона хишти бинокорӣ, 33,3 ҳазор тонна карбамид, 2,7 млн. тонна семент, 237,6 ҳазор дона шифер, 39,9 км. қубурҳои асбестӣ, 140 адад трансформаторҳои қуввагӣ, 2,7 ҳазор дона мебел ва 16,7 млрд. кВт. соат қувваи барқ истеҳсол шудааст.
Дар ин давра, аз 212 номгӯи маҳсулоти саноатӣ ҳаҷми маҳсулот 171 номгӯ афзоиш ёфта, 16 номгӯй, аз қабили панири мулоим, афшураи мевагӣ, масалласу ангур, оинаи тиббӣ ва оинаи дандонпизишк, либоси корӣ, футболка, амиаки синтетикӣ, углекислота, суперфосфат, кремнофториди натрий, карбамид, қубурҳои азбестӣ, филтурҳои автомибилӣ ва бозичаҳои кӯдакона ба роҳ монда шуд.
Дар давоми 11 моҳи соли равон ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 2761,1 млн. кВт/соат нерӯи барқи фойданок ба маблағи умумии 835,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 298,6 миллион сомонӣ дастрас шуда, ҷамъоварии он мутаносибан 94,5 ва 93,0 фоизӣ таъмин гардидааст.
Дар ин давра ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда, аз ҷониби ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и минтақаи Бохтар 91,6 фоиз (аҳолӣ 90,6 фоиз), ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и минтақаи Кӯлоб 88,6 фоиз (аҳолӣ 92,3 фоиз), ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Норак 95,5 фоиз (аҳолӣ 98,5 фоиз), ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ноҳияи Ёвон 102,1 фоиз (аҳолӣ 90,7 фоиз)-ро ташкил дод.
Шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон