Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки имрӯз, 28 декабр, ироа гардид, барои мардуми диёрамон саршор аз навиди неку фараҳбахш буд.
Тавре ки аз Паём бармеояд, соли ҷорӣ, сарфи назар аз вазъи номуътадили иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дурнамои ҳадафноки пешрафту нумӯ таъмин таъмин гардидааст. Афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.
Дар баробари ин, Президенти мамлакат бо дарназардошти дар соли оянда таҷлил гардидани 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар ҷумҳуриамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.
«Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳақиқат, амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон додааст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.
Мардуми Тоҷикистон ифтихорманданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Қабули Конститутсияи соли 1994, яъне аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, ба давраи ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омада, роҳбарии комиссияи конститутсиониро, ки таҳия ва эҷоди Конститутсияро бояд ба роҳ мемонд, он кас ба дӯш доштанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланд ин вазифаро ба иҷро расониданд ва маҳз бо пешниҳоди ӯ дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати мо давлати иҷтимоӣ муайян шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, изҳор кардаанд: «Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд».
Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва майлу иродаи халқи Тоҷикистонро, ки дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.
Аз ин ҷост, ки Конститутсияро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номидаанд, зеро он Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифаи ҳуқуқӣ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. «Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад», — гуфтааст Пешвои миллат.
Воқеан, дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Носирҷон Маъмурзода,
сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”