ТАМОШОИ ПАЁМ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 28 декабр кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид,  тамошо карданд.

Бояд тазаккур дод, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, нергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, рушди илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошанд.

Тавре ки аз Паём бармеояд, соли ҷорӣ, сарфи назар аз вазъи номуътадили иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дурнамои ҳадафноки пешрафту нумӯ таъмин таъмин гардидааст. Афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз якуми январи соли 2024 то ба 40% афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1 июли соли оянда аз 30% то 40% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати мамлакат, тадбирандешӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони биҳиштосо, таҳияи Барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошанд.

Дар партави Паём вазорату кумитаҳо соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ – иҷтимоии ҷумҳурӣ соҳибкорон ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда, амалӣ менамоянд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона намоем.

Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ маҳсуб меёбад.

Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти дар соли оянда таҷлил гардидани 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар ҷумҳуриамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавӣ буда, дар он самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, ва ҳуқуқии мамлкат ҷиддӣ таҳлил гардида, роҳҳои ба мақсад мувофиқи рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои оянда мушаххасан нишон дода шудаанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles