СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ «МАКТАБИ САРВАРӢ» БО ИШТИРОКИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН

Имрӯз, 27 декабр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишии «Мактаби сарварӣ» бо иштироки хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон баргузор гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, № 204 ва таъмини қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 июни соли 2022, № 186 «Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида, бобати тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занони хизматчии давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарони болаёқат корбарӣ менамояд.

Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории семинари имрӯза таҳти унвони «Мактаби сарварӣ» боз ҳам тақвият бахшидан ба сатҳи ҷаҳонбинӣ, малака ва истеъдоди роҳбарии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон буда, гирифтани таҷрибаи намунаи ибрат аз мактаби беҳтарин занони хизматчии давлатӣ, зина ба зина ба болоравии мансабии онҳо мусоидат мекунад.

Вобаста ба татбиқи барномаи мазкур соли равон аз тарафи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар Донишгоҳҳои давлатии Бохтар, Кӯлоб ва Данғара курсҳои омӯзишии «Мактаби сарварӣ» баргузор гардиданд, ки олимону омӯзгорон аз рӯи барномаҳои махсус ба шунавандагон дарсҳои омузишӣ доданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки вобаста ба тадбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст миёни хизматчиёни давлатӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор карда шуда, дар даври вилоятии он 60 нафар занону бонувон ширкат намуда, 6 нафар ҳамчун ғолибони даври вилоятӣ моҳи ноябри соли равон дар даври ҷумҳуриявии озмун ширкат намуданд.

Озмун беҳтарин чеҳраҳоро аз ҳисоби занон дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян намуд, ки онҳо дар оянда мувофиқ ба лаёқату кордонӣ ба вазифаҳои муайян пешниҳод карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки аз 6 нафар иштирокчии даври ниҳоӣ 5 нафар ғолиб дониста шуда, 3 нафар ҷои 1-ум ва 2 нафар ҷои 3-юмро сазовор гардиданд. Дар семинар таҷрибаи фаъолияти онҳо ба дигар хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ гардид.

Дар қисмати охир бонувоне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ғолиб шуда буданд, аз тарафи Муҳаммад Орифзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles