БА ОЗМУНИ “РАИЯТПАРВАР”. АНӮШЕРВОНИ СОНӢ

Раият – табаа, оммаи мардум, халқе, ки дар як мулк, дар як давлат зиндагӣ мекунанд, дар як иттиҳодия муттаҳиданд.

Раиятпарвар – раис, сарвар, роҳбар, фуқаропарвар, Президент, подшоҳ, сардор, пешбар, пешво, касе, ки дар таъмини сулҳу ваҳдати ватану ватандорон, ҳифзи марзу бумаш муаззаф аст. Пайдо намудани ризқу рӯзии раият ҳам ба уҳдаи ӯст.

Аз ин қиёс аён мегардад, ки уҳдадории раиятпарвар аз раият маротибаҳо беш аст. Шахсе ба маънии томаш раиятпарвар дониста мешавад, ки дили бузург ва сидқан хоҳиши халқпарварӣ ва ватансозӣ дорад. Танҳо як хоҳиш басанда нест, то кореро ба нафъи ҷомеа сомон бидиҳӣ. Хоҳиш метавонад муваққатӣ, лаҳзаина ва аз ҳавову ҳавас бошад.

Тибқи шаҳодати осорҳои хаттӣ шахсиятҳое арзи вуҷуд доштаанд, ки дар раиятпарварӣ машҳур буданд. Саркардаи ин бузургон Анӯшервони Одил аст. Вожаи одил ба исми ӯ аз рӯи доштани инсофу адолат ба раият ҳамроҳ шудааст.

Таърих раиятпарварони номиеро ёд дорад, ки дар ин масир шуҳрати оламиён гардидаанд. Дар ин миён Анӯшервони Одил ва Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи хоса доранд.

Аз оина равшану аз об поктар аст, ки агар роҳбаре дар ботинаш ҷавҳари раиятпарварӣ надошта бошад, кори шоёну шоистаеро аз барои манфиати ҷомеа ба анҷом расонида наметавонад.

Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеанд, ки Парвардигор дар ботинаш ҷавҳари раиятпарвариро муқимӣ намудааст. Бо гузаштани солҳо ин ҷавҳар аз пештара бештар афзудаву ҷилвагару дурахшон шудаву боз дар афзоиш аст. Аз равшанӣ, покӣ ва нуру зиёи он раият дар амну амонӣ, ободӣ ва сериву пурӣ кору зиндагӣ доранд. Дар муқоиса ба солҳои пешин бошандагони диёр осудаҳолу давлатдоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали ба мансаби олӣ интихоб шуданашон гуфтанд: “Ман ба шумо сулҳ меорам”, “То як тоҷик дар хориҷи кишвар асту ҳукми мусофирӣ дорад, ман худамро ором ҳис намекунам”, “Ман бо халқи азизам Тоҷикистонро обод месозам”.

Дар ҳамон шабу рӯз давлатдории Тоҷикистон киштии шикастаеро мемонд, ки ба тармим ниёз дошт. Касе лозим буд, ки ин бори вазнинро ба дӯши худ гирад.

Эмомалӣ Раҳмон ин масъулиятро мардонавор ба зима гирифт. Ӯ медонист ва хуб дарк карда буд, ки ин мардум бо ҳам меоянду ватансозӣ мекунанд. Ногуфта намонад, ки ҳиссаи ин фарзанди миллат дар баргузории Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қайд аст. Ӯ дар Иҷлосияи тақдирсоз ҳиссаи арзанда дошт. Аввалин кори савобе ки кард, ин хомӯш кардани тиру камон буд.
Ӯ ба ҳар ваъдааш вафо кард. Мардуми Тоҷикистонро сарҷамъ намуд ва муттаҳид сохт. Харобаҳоро обод кард. Созандагӣ ва бозсозӣ намуд. Беҳтарин неъмат – сулҳ ва ваҳдати миллиро пойдор намуд.

Бояд гуфт, ки аз 32 соли Истиқлолияти давлатӣ 8-10 соли аввалаш сарфи барқарор намудани сулҳу субот ва баргардонидани гурезаҳо шуд.

Президенти кишвар раиятпарвариро аз Худованд ҳадя гирифтаву барои халқ масрафаш карда истодаанд. “Вазифаи роҳбар хизмати халқ аст”, — гуфта буданд. Бале, ба ваъдаашон вафо карданд. Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, осудагии мардум, ободсозии ватан, дар ҷойи холӣ ташкил кардани Артиши миллӣ, зиёд намудани шумораи мактабҳои дараҷоташон гуногун, рушди соҳаҳои варзиш, фарҳанг ва илм, сохтмонҳои азим — роҳҳо, нақбҳо, кӯпрукҳо, истгоҳҳои бузурги барқӣ хеле назаррас аст.

Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд, бо забони ноби тоҷикӣ аз минбари бузурги СММ сухан гуфтанд. Дар пештоқи СММ партавафшон кардани Парчами миллии давлати тоҷикон, дар сатҳи ҷаҳонӣ бардоштани муҳимияти оби нӯшокӣ, ҳифзи пиряхҳо маҳз аз хизматҳои башардӯстонаву бузург ва бебаҳои ин инсони шарафманд аст. Ҳамин сифатҳо буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: “Ман ватанамро, халқамро аз ҷони худ бештар дӯст медорам”.

Бо талошу кӯшиши Президенти кишвар ҷашну маросимҳои зиёди миллӣ ҷаҳонӣ карда шуданд. Мақсад аз ҷаҳонӣ шудани ҷашну маросимҳои тоҷикӣ ва ташкил намудани фестивалу рӯзҳои фарҳангӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани миллат ва ҳунару анъанаҳои мо мебошад.

Ҳар гоҳе Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар менамоянд, мардуми меҳмоннавозу соҳибдастурхони он бо чеҳраҳои шукуфон бо интизории бепоён роҳи Президенти худро мепоянд. Аз ташрифашон руҳу илҳом мегиранд. Ин инсони фидоӣ ва ҷоннисорро дар ҳама хонадон меҳмон не, балки аъзои оилаи хеш меҳисобанд. Аз омаданашон шод шудаву як ҷаҳон фараҳмандӣ ва саодатмандӣ ба дилу дидаашон ҷо мешавад.

Солҳои охир сафи сайёҳон ба диёри мо зиёд гаштааст, ки дар он ҳиссаи муҳтарам Сарвари кишвар калон мебошад. Танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи онҳо аз як миллион беш шудааст.

Боре бо як сайёҳе, ки шаҳрванди кишвари Русия буд, ҳамсуҳбат шудаму ӯ андешаҳояшро чунин баён дошт: “Гумон дорам тоҷикон бузургтарин бошандагони рӯйи заминанд, ки анъанаҳои ҳазорсолаи худро гум накардаву нигоҳ медоранд. Дар деҳот ба ҳар тоҷике, ки вомехӯрӣ, албатта туро барои як пиёла чой ба хонааш даъват мекунад. Чун вориди хона мегардӣ, дастурхон густурдаву болояш ҳама нозу неъматҳо муҳайёст”.

Суҳбатҳои беназирашон бо ятимону маъюбон бемисл аст. Ҳар гоҳи вохӯрӣ бо онҳо суханони пурмеҳр мегӯянду насиҳатҳои падарона мекунанд. Барояшон сару либос ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим месозанд.

Ҷавоне, ки дар интернати бепарас-торони шаҳри Кӯлоб мехонд, алҳол донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав аст. Ӯ касби рӯзноманигорӣ дораду чунин ибрози назар кард: “Ман намедонам, ки чаро мактаби моро интернати бепарасторон меноманд, моро бепарастор – ятим мегӯянд. Охир мо падар дорем. Падари мо худи Президенти мамлакат аст. Ман ин ҳарфҳоро борҳо шунидаам.
Модари мо Тоҷикистон аст. Пас мо барои чӣ ятиму бепарасторем? Ифтихор дорем, ки Президенти мамлакат падари мост. Имрӯз барои мо ҳама шароитҳои лозимӣ муҳайёст. Мо нағз мехонем, соҳиби маълумот, касбу ҳунар шуда, чун падари хеш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу диёри азизамон хизмат менамоем”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоири чандинкаратаи дохили хонаи Худо ҳастанд ва ҳама бор дар ҳаққи мардуми Тоҷикистони азиз дуои хайр кардаанд. Бешак, дуои зоири дохили хонаи Худо мақбул аст. Худашон ҳам шахси дуогирифтаанд. Тамоми мардуми ватанхоҳ ба суроғаашон дуои раҳмат мефиристанд.

Бузургони миллатҳо онҳое нестанд, ки танҳо аз ҷониби раияту табааи хеш эътироф шудаанд. Бузургони асил, мондагор, таърихӣ, хирадпешаву мардумсолор онҳоеанд, ки аз ҷониби давлатҳову халқиятҳои дигар, фарзандони накуному шарафманди олам, чун як инсони комил, роҳбари одил шинохта шудаанд, ки ҳиссаашон дар ободиву оромии диёру ҷаҳон назаррас аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро натанҳо барои имрӯзиён ба роҳ мондаанд, балки барои гиромидошти гузаштагони миллат ва фарзандони накуноми дунё, ки аз хидматашон башарият истифода кардааст, равона сохтаанд. Дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки шахсиятҳои баландмартабаи олам, ёдбуди фарзандони баруманди миллат аз хислати азалӣ ва дурахши ҷавҳари башардӯстӣ аст. Ана ҳамин хоҳиши баланди раиятпарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маконҳои муқаддас, мазорҳо, марқадҳои шахсиятҳои муқаддам ободу зебо шуда, ба макони зиёрат мубаддал гаштаанд. Худашон ба зиёрати ин маконҳои муқаддас омада, ба руҳи онҳо дуои хайр мекунанд.

Ҳамаи он корҳое, ки Роҳбари кишвари мо баҳри ободӣ, озодӣ, шукуфоӣ, дӯстӣ, ваҳдат ва сулҳу суботи доимӣ карданд, роҳнамунсозаш ана ҳамон ҷавҳари Худододи раиятпарварӣ аст.

Ҳар чи гуфтам аз уқёнус ҳатто заррачаеро нагуфтам, дил холӣ нашуд. Ба ин сухани пурҳикмати шоири шаҳири миллат, устод Бозор гуфторро ба поён мерасонам:

Бо садои гармат одат кардаем,
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем,
Мо хати тақдири миллатро.

Абдуллоҳ БОБОЕВ,
сокини шаҳри Кӯлоб

«Ҷавонони Тоҷикистон»
№51(9841), 21 декабри соли 2023
http://javonon.tj/news/social/ba-ozmuni-raiyatparvar-an-shervoni-son/

Related Articles