Субҳи имрӯз, 26 декабр, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳонаи Сулаймонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот раиси вилоят қайд карданд, ки дар замони муосир нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.
— Матбуоти даврии Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияташ то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намуда истодааст, — зикр карданд раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид.
— Таҳлили раванди фаъолияти ВАО нишон медиҳад, ки онҳо дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ ҳамчун сипари боэътимоди таъмини амнияти иттилоотии кишвар баромад намуда, баҳри тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии вилояти Хатлон ва дар маҷмуъ Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо воситаҳои ахбори омма, роҳҳои тарғибу ташвиқи ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандорию хештаншиносӣ, бештар омода намудани маводҳо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии ватани азизамон, таҳияи матолиби таҳлилӣ ва диққатҷалбкунанда, рафти обуна ба нашрияҳои даврӣ, инъикоси васеи дастовардҳои замони муосир табодули назар карданд.
– Мо омодаем, ки дар ҳама самтҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ намуда, баҳри тақвияти фазои идеологӣ ва иттилоотӣ дар ҷомеа мусоидат намоем, — зикр карданд раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид.
Дар мулоқот саҳми ҷомеаи журналистӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонони озода ва ватанпарвар, муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол назаррас арзёбӣ гардид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон