ДӮСТӢ. ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид имрӯз, 23 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор намуда, бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот анҷом дода, ба арзу дархости онҳо расидагӣ намуданд.

Дар ибтидо раиси вилоят бо ишора ба таъкиди Роҳбари давлат, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қайд кард, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.

Сокинон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ, гирифтани гранти раиси вилояти Хатлон, расонидани кӯмак барои табобати фарзанд, расондани кӯмаки молиявӣ, кӯмаки молиявӣ ва ғизоӣ ба оилаҳое, ки фарзандони маълул доранд, нарасидани оби полезӣ, насби симчӯбҳо барои интиқоли барқ дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва мо кӯшиш мекунем, ки сари вақт онҳоро ба анҷом расонем.

Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳия дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, тандурустӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Дар вохӯрӣ раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин самт кор ҷоннок карда шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles