Имрӯз, 23 декабр раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ аз хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ ба номи Эргаш Султонов дидан карданд ва ба маъракаи нишолшинонӣ оғоз бахшиданд.
Раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов шинос шуданд. Майдони умумии хоҷагӣ 620 гектарро ташкил дода, аз он дар 60 гектараш сабзавот, аз ҷумла карам, гулкарам, лаблабу, инчунин дар 3 гектараш гармхонаи помидору бодиринг парвариш карда мешавад. Хоҷагидорон дар майдони 350 гектар пахта ва 75 гектар гандум, 60 гектар полезӣ, 80 гектар беда низ кишт кардаанд.
Давлаталӣ Саид дар суҳбат бо кишоварзон ва масъулони ноҳияи Дӯстӣ таъкид намуданд, ки тибқи дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдонҳои кишти такрорӣ бояд аз ғалладонагӣ, лубиёгиҳо ва макаи дон иборат бошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон