ҶАЛАСАИ МАҶОЗИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 19-уми декабр дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат ҷаласаи маҷозӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рафти сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои вусъат бахшидан ба рушди саноат доданд, баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат дастуру супоришҳои протоколии назди раиси вилоятро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.

Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди пахта, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, дӯзандагӣ, ҷамъоварии барқи истеҳсолшуда, талафоти нерӯи барқ ва назорати рафти зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш оид ба пурра ба кор андохтани иқтидорҳои корхонаҳои ҷӯроббарорӣ ва то 500 нафар расонидани коргарон дар корхонаи ҷӯроббарории шаҳри Кӯлоб дастур дода шуд.

Тавсия дода шуд, ки ба арзиши аслии маҳсулот ва фарогирии маҳсулотҳои саноатӣ дар омор диққати ҷиддӣ дода шавад.

Дар ҷамъбасти ҷаласа супориш дода шуд, ки натиҷаи ҷамъбасти соли 2023 дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи вилоят дар доираи барномаҳои пешбинишуда ҷамъбаст карда шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles