Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс миёни мардон ва бонувон баргузор гардид, ки варзишгарони вилояти Хатлон дар он фаъолона иштирок намуда, барои мақомҳои ифтихорӣ мубориза намуданд.
Дар натиҷа, варзишгарони вилоят ба гирифтани 30 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 8 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.
Медалҳои тиллоро дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни мардон аз вилоят Меҳроҷиддин Баротов (48 кг), Абубакр Муродзода (60 кг) ва миёни бонувон бошад, Рухсора Қурбонова (52 кг), Фариза Ёқубова (54 кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (63 кг), Малика Нозимова (66 кг), Мавлуда Одинаева (70 кг), Дилрабо Холмуродова (75 кг) ба даст оварданд.
Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс варзишгарон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тебеи маркпз иштирок намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон