“ХАТЛОН-1” ҒОЛИБИ “ГУЗАРИШ-2023” ШУД

Имрӯз, 17 декабр дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш», ки бахшида ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа ҳашт дастаи мунтахаби минтақавӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, аз марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаӣ ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёфта, рақобатро барои медалҳо идома доданд.

Барои мақоми сеюм дастаи «Хатлон-2» бо дастаи «Душанбе» рақобат намуда, дастаи «Хатлон-2» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва барандаи мақоми сеюми мусобиқа гардид.

Барои мақоми аввали мусобиқа дастаҳои «Душанбе-1» ва «Хатлон-1» байни ҳам дидор анҷом доданд, ки бозингарони дастаи «Хатлон-1» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, барандаи мусобиқаи «Гузариш» дар соли 2024 шуданд.

Ҳадафи аслии ин мусобиқот дар баробари таблиғ, оммавӣ намудани футбол ва муайян кардани ғолибон, инчунин имкони дарёфти бозигарони нав барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ин мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles