ЗИЁДА АЗ 40 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА СОКИНОНИ ПОЙТАХТ ПЕШНИҲОД ГАРДИД

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 16 декабр дар Боғи Ҳаким Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиши фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон бо нархи дастрас баргузор гардид.

Дар намоиш муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ва дигарон иштирок доштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 40 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба сокинони пойтахт ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар назар аст, ки намоиши фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон пагоҳ ҳам идома меёбад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ кишоварзони вилоят ба ғайр аз заминхои кишоварзӣ, ки дар гардиш қарор доштанд, илова дар майдони 22054 гектар заминҳои байни қаторҳои боғу токзорҳо, чарогоҳҳои барои кишт мувофиқ ва партов кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузарониданд, ки ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори истеъмолӣ мусоидат намуд.

Ғайр аз ин, дар майдони 132,3 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ низ ба роҳ монда шуд, ки айни ҳол ҳосили рӯёнидаи онҳо файзу баракати дастархони ҳар як хонадони ҷумҳурӣ мебошад.

Бобати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз як замин гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоxагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 2693,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 1203,7 тонна помидор, 560,9 тонна бодиринг, 929,2 тонна дигар сабзавотҳо, инчунин дар майдони 775 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият дошта, 399,1 гектар дар бахши ҷамъиятӣ ва 375,9 гектар дар бахши аҳолӣ рост омада, давоми соли 2023 аз ин майдон 27299 тонна сабзавотҳои барвақтӣ истеҳсол гардида, дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати танзими нарх дар бозорҳо мусоидат намуд.

Соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434315 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 192167 гектар ғалладонагиҳо, 134637 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 123251 гектар пахта, 36998 гектар сабзавот, 11762 гектар картошка, 16105 гектар полезӣ ва 42646 гектар (аз он 23467 гектар алафҳои бисёрсола солҳои гузашта) зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 511 гектар зиёд мебошад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles