15 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Ёвон аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ” ва намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони вилояти Хатлон боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ” соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он 5 нафар саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола зироати гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи “Кроснадар” ва 3 гектар картошкаи навъи “Галла” ба роҳ монда шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектари замини хоҷагӣ корида шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.
Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагидорон номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт карда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбудии рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳмгузорӣ мекунанд. Имсол бори аввал хоҷагидорон бо роҳандозии таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 1 гектар кишти барвақтии картошкаро зери плёнка ба роҳ монданд.
Саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи худро гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тоззаи табиӣ баҳои баланд доданд.Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.