ВАХШ. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРД ВА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ

Имрӯз, 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Вахш корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов ва масъулин иштирок намуданд.

Корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, воқеь дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, деҳаи Марказӣ воқеъ аст.

Иттилоъ дода шуд, корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти шири ҶДММ “Насими Вахш” бо мақсади таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ бо маблағи 271 ҳазор доллар таъсис ёфтааст, ки аз ин 171 ҳазор доллар аз тарафи ташкилоти ғайридавлати USAID ҳисагузорӣ карда шудааст.

Корхона дар масоҳати 540 метри мураббаъ дорои бинои истеҳсол ва коркард ва дар масоҳати 112 метри мураббаъ биноҳои ёрирасон буда, майдони умумии замини ба корхона вобасташуда 0,10 гектарро ташкил медиҳад.

Корхона қаймоқ, сметана, панир ва дигар намуди маҳсулотҳои шириро истеҳсол намуда, пешкаши аҳолӣ мегардонад.

Дар корхона 12 ҷойи корӣ барои аҳолии деҳот ташкил карда шуда, кормандон бо маоши хуб таъмин мегарданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles