БОХТАР. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ШИР

Имрӯз, 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода дар кӯчаи ба номи С. Айнии шаҳри Бохтар корхонаи коркарди шир мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аҳатов Одилҷон дар масоҳати 300 м2 бо маблағи 150 ҳазор доллар анҷом дода шудааст. Тибқи истеҳсолот дар корхона 6 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори корхона то 2 тонна шир дар 1 рӯз дар назар гирифта шудааст.

Дар саҳни корхона аз тарафи соҳибкор санги асос барои сохтмони маҳсулоти хурокворӣ, макарон ва маҳсулотҳои қаннодӣ гузошта шуд. Дар бунёд шудани корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда, ба соҳибкор ҷиҳати босифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, барои корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати соҳибкор ва мутахассисон изҳори ташаккур карданд.

Дар 11 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон зиёда аз 100 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки дар пайи он ҳазорон сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles