БАРОИ 250 НАФАР ФАРЗАНДОНИ КОРМАНДОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФИЛИАЛИ ДБССТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди кӯдакистон барои 250 нафар фарзандони кормандону омӯзгорон пешбинӣ шуда, он аз 3 ошёна ва як бинои асосӣ иборат мебошад. Дар ин хусус зимни ба истифода додани бинои нави таълимии филиали «Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, ки имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ бо усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд. Аз рӯи нақша кӯдакистон дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бунёди иншооти зинаи аввали таҳсилот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ амалӣ гардида, дастоварди хуб дар ин самт маҳсуб мешавад.

https://khovar.tj/2023/12/baroi-250-nafar-farzandoni-kormandonu-om-zgoroni-filiali-donishgo-i-bajnalmilalii-sajyo-va-so-ibkorii-to-ikiston-dar-viloyati-hatlon-k-dakiston-sohta-meshavad/

Related Articles