Имрӯз, 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази хизматрасонии бозорчаи хурди ба номи “Сабур” дар куҷаи Ибни Синои шаҳраки Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардид.
Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва масъулин иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Маркази хизматрасонии бозорчаи хурди ба номи “Сабур” дар асоси нақша-чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Сабуров Латиф сохта шудааст.
Бинои мазкур аз ду ошёна ибораи буда, дар таҳхонаи бино бозорчаи хурд ташкил шуда, айни замон 7 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Сохтмони бинои мазкур солҳои 2021-2023 идома карда, бо тарҳи замонавӣ ба маблағи 600,0 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Иншооти мазкур баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводҳои ниёзи авввал ба нақша гирифта шудааст.
Соҳибкор иқдом гирифтааст, ки дар оянда шумораи нуқтаҳои савдоро ба 18 адад расонида, барои ташкил намудани ҷойиҳои кории нав мусоидат намояд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фурӯшандагон суҳбат намуда, ба соҳибкор барои корҳои ободониашон изҳори ташаккур намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон