КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪМИНОТИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ

Имрӯз, 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ифтитоҳ гардид.

Дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва масъулин иштирок намуданд.

Маркази таъминоти бехатарии озуқавории назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша-чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Иншоот аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми лавозимотҳои корӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бинои мазкур дар кучаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён қомат афрохта шуда, аз ду ошёна ибораи буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ бо тарҳи замонавӣ аст.

Фармоишгари бинои мазкур Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчии он ҶДММ “Сохтмони Шариф”-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ ва назорат намудани маҳсулотҳои истеҳсолии хоҷагии халқ ва баланд бардоштани иқтидори сатҳу сифати маҳсулотҳои истеҳсолӣ ва содироти рақобатнокии он бо нархи бозор ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles