ЛЕВАКАНТ. ИФТИТОҲИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНИИ ҶДММ «СУҲРОБҶОН» ВА ҶДММ «ПАХТАИ ЛЕВАКАНТ»

Имрӯз, 14 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант 2 корхонаи пахтатозакунӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Суҳробҷон” ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ таҷҳизот барои азнавсозӣ аз давлати Хитой харидорӣ намуда, 3 октябри соли 2023 ба фаъолият шуруъ кардааст. Айни ҳол корхонаи мазкур 600 тонна пахта қабул намуда, аз он ҷумла 207 тонна нахи пахта, 291 тонна чигит, 12,3 тонна тибитро дар бар гирифта, 1500 тонна пахта бо шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят шартнома баста шуда, 14 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Пахтаи Левакант” бошад, ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ таҷҳизот барои азнавсозӣ аз давлати Хитой харидорӣ кардааст. Ҳоло корхонаи мазкур 20 тонна пахта қабул намуда, 6 нафар сокинон ба ҷои кор таъмин гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисон баҳои баланд доданд.

Шуъбаи итттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles