Имрӯз, 7 декабр сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер аз синфхонаи маркази инкишофи кӯдак боздид намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ синфхонаи маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст.
Нахуст меҳмонон аз барномаи фарҳангӣ ва намоиши расмҳои хонандагону кӯдакон, ки дар саҳни муассиса ба намоиш гузоштанд, дидан намуданд.
Дар вохӯрӣ бо кӯдакон, волидон ва омӯзгорон Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артур ван Диезен, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар синфхонаи мазкур кӯдакони синну соли томактабӣ ҷалб шуда, бо роҳу усулҳои муосир таълиму тарбия дода мешаванд. Ҳадаф аз иқдоми мазкур дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани завқи онҳо мебошад.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ҳисоб меёбад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудаанд.
Айни ҳол дар кишвар 2111 Маркази инкишофи кӯдак амал карда истодааст. Яке аз чунин марказҳо дар МТМУ 50 таъсис дода шудааст, ки волидайн аз он изҳори хушнудӣ менамоянд.
Ҳоло дар кишвар 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор нафар ва 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор кӯдак фаъолият дорад, ки ҳамагӣ 16 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Ҳамкории мутақобилан судманд бо лоиҳаҳои ЮСАИД ва ЮНИСЕФ дар вилояти Хатлон ба пешравии фаъолиятҳо дар ҳама соҳаҳо гардида истодааст.
Қобили тазаккур аст, ки ташкилоти ЮСАИД дар ҳамаи 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки қариб 80%-и муассисаиҳои таълимиро дар бар мегирад ва дар доираи ҳамаи лоиҳаҳои татбиқшаванда ҳамкориҳои густурда ба роҳ мондааст.
Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ зикр намуданд, ки ҳадафи лоиҳаи ЮСАИД “Таҳсилоти фарогири томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” аз татбиқи усулҳои таълимии фарогир ва босифати таҳсилоти томактабӣ бо истифода аз далел, таҳқиқот ва омӯзиши мустақим, навсозӣ кардани барномаи таълими таҳсилоти томактабӣ барои мутобиқ кардани он ба эҳтиёҷоти инфиродии хонандагон, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта ва кӯдакони донандаи забонҳои ақалиятҳои қавмӣ, тарғибу ташвиқи таҳсилоти томактабии фарогир дар дохили Тоҷикистон, ки дар стратегияҳо дарҷ гардидааст ва ба таври устувор маблағгузорӣ шудааст ва ҳавасманд кардани иштироки волидон, парасторон, омӯзгорон, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тарғибу ташвиқи таҳсилоти фарогири томактабӣ барои ҳамагон мебошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон