КӮШОНИЁН. ҲОЛАТИ МЕЛЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО БЕҲТАР МЕГАРДАНД

Баҳри тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ноҳияи Кӯшониён имрӯзҳо 9 адад техникаи махсуси соҳавӣ ҷалб карда шуда, кор бо маром идома дорад.

Масъулин тасмим доранд, сари вақт заҳбуру заҳкашҳои миёни 24 ҳазору 320 гектар заминҳои корами обӣ қарор доштаро канда, ҳолати миллеоративии заминҳоро беҳтар намоянд.

Бино ба иттилои Салимшо Муродов, сармуҳандиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён соли ҷорӣ, ҳолати мелиоративии беш аз 200 гектар заминҳои корами ноҳия беҳ гардонида шуда, наздик ба 5 км шабакаҳои обрасонӣ, 18 км заҳбуру заҳкашҳо кандаю тоза карда шудаанд.

Мавсуф дар идома афзуд, ки онҳо тибқи нақша ҳамасола ҳудуди 50 км заҳбуру заҳкаш ва 31 км шабакаҳои обрасониро тоза менамоянд.

Ба гуфтаи Салимшо Муродов дар сурати сари вақт тоза гаштани заҳбуру заҳкашҳо сатҳи намнокӣ дар заминҳои ноҳия паст, ҳосилхезӣ зиёду нашъу намои зироати кишоварзӣ хуб мегардад.
Ҳамин аст, ки онҳо талош доранд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва имкониятҳои фароҳамгаштаю истифодаи техникаҳои соҳавӣ корҳои зеринро ба анҷом расонанд.

Ба таъкиди мутахассисон, тибқи тартиби муқарраргардида дар се сол як маротиба заҳбуру заҳкашҳо бояд тоза карда шавад.

Н. ИСО, «Сафо»

Related Articles