«АНЪАНАИ БОФТАНИ АТЛАСУ АДРАС» БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТИ ЮНЕСКО ВОРИД ГАРДИД

Рӯзи 4 декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд.

Чорабинӣ то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар он иштирок карда истодаанд.

Таърихи 5 декабр зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани атласу адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Related Articles