Имрӯз, 4 декабр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва қисман раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласа раиси вилоят оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли ҷорӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, кишти такрорӣ, зимистонгузаронӣ суханронӣ намуданд.
— Аз ин рӯ кишоварзони вилоятро зарур аст, ки бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани замин ва ба кишти зироатҳои кишоварзӣ суръат бахшида, дар муҳлати обтималӣ кишти онҳоро ба анҷом расонанд. Ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд, — афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳиявҳои Кӯлоб, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ супориш доданд, ки дар самти ҷамоварии ҳосили пахта ва нақшаи дурнамо дар соли 2023 аз ҳавои мусоид истифода бурда, беталаф тиллои сафедро ҷамъоварӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки оид ба амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба самараноку оқилона истифода бурдани замин, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ, захираи маводи озуқаворӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи имсола ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ба давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, маъракаи ҷамъоварии ҳосилро вусъат бахшанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон