Дар даҳ моҳи соли равон, дар ноҳияи Кӯшониён танҳо аз ҳисоби соҳибкорон беш аз 12 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд. Бо саҳми сокинон бошад 5 километр роҳи дохили деҳаҳо сангфар гардидааст.
Ҷовид Ҳакимзода, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки имсол саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳ хеле зиёд аст. Ӯ мегӯяд, аз ҳисоби соҳибкорон дар мумфаршу таъмири роҳҳои мошингард каму беш 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.
Ба таъкиди вай бо мусоид будани боду ҳаво то охири сол бо саҳми соҳибкорон боз чанд километр роҳи дигар таъмир хоҳад шуд. Дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳияи Кӯшониён барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ 599 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Бо истифода аз ин маблағ наздики 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ кардем. Дар оянда ҳам ба таъмири роҳҳои мошингард таваҷҷуҳро бештар мекунем»,-афзуд вай. Бояд гуфт, ки дар мувозинати Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 230 километр роҳи мошингард аст.
Машраби Аловиддин