ДАНҒАРА. ПЕШВОЗИ ШОИСТАИ БАРАНДАИ ШОҲҶОИЗА ВА ҒОЛИБОН

Имрӯз, 2 декабр дар ноҳияи Данғара барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», дар гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Ҳасани Назар, сарбози қисми ҳарбии №13483-и н. Данғараро дар вазъияти тантанавӣ пешвоз гирифтанд.

Инчунин, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидои касбӣ (синфҳои 9-11) Хайруллоев Муҳибулло — хонандаи синфи 11-и МТМУ№14-и ноҳияи Данғара, ки соҳиби ҷойи 2-юм ва дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) Оламафрӯзи Илҳомҷон — донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3-юм гардида буданд, сазовор пешвоз гирифта шуданд.

Дар майдони марказии ноҳияи Данғара раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо аз соҳаҳои гуногун, омӯзгорону хонандагон ва дигар сокинони ноҳия бо гулу гулдастаҳо барои истиқболи барандаи Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ ҷамъ омаданд ва онҳо табрик гуфтанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles