Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба фаъолияти занону бонувон, хосса дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ба вазифаҳои баланди хизмати давлатӣ пешниҳод гардидани занони фаъолу донишманд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» санаи 30-юми ноябри соли равон баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардида, то санаи 1-уми декабр идома меёбад.
Дар ин ин сабқат аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6 нафар ғолибони даври вилоятии озмун аз ҳисоби занону бонувони болаёқати дар соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мақомоти худидораи шаҳраку деҳот фаъолиятдошта ширкат намуда истодаанд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ғолибон аз руи талаботи зерин баҳогузорӣ мешаванд:
а) Сифатҳои касбӣ: донишҳои сиёсӣ ва касбӣ; иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ (сифатнокии натиҷаи кори хизматчии давлатӣ, дараҷаи интизомнокӣ); донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих ва фарҳанг; донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ; маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ (электронӣ); татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда; такмили ихтисос; таҷрибаи корӣ (собиқаи меҳнатӣ); қобилияти таҳлилӣ; маҳорати ифодаи фикр;
б) Сифатҳои кордонӣ: идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон (ҳамкорон), маҳорати ташкили кор (қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ); маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; масъулиятшиносӣ, доштани қобилияти идоракунӣ ва роҳбарӣ.
в) Сифатҳои ахлоқӣ: одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон; поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа ва аз рӯи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда мешаванд:
— навиштани иншо бо забони давлатӣ;
-навиштани диктант бо забони русӣ;
-кор бо технологияи иттилоотӣ;
-саволу ҷавоб.
Озмун санаи 2-юми декабр ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз мегарданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон