КИТОБИ «ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ» ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ-2023» ЭЪЛОН ГАРДИД КИТОБИ «ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ» ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ-2023» ЭЪЛОН ГАРДИД

Имрӯз, 29 ноябр, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» баргузор гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба идораи рӯзномаи «Хатлон» Дипломи ғолиби озмуни мазкур барои китоби публитсистии «Ифтихори ватандорӣ» тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмӯаи «Ифтихори ватандорӣ» бо ибтикори идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” таҳия ва интишор гардидааст.
Дар маҷмӯаи мазкур силсилаи мақолаҳои ходимони рӯзномаи “Хатлон”, инчунин иштирокдорони озмуни эҷодии “Ифтихори ватандорӣ”, ки ба мавзуи Ватану меҳанпарастӣ, Истиқлол, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, ҷой гирифтаанд.
Маҷмӯаи 204-саҳифаии «Ифтихори ватандорӣ» соли ҷорӣ бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Матбаа»-и шаҳри Бохтар бо сифати баланд ба нашр расида, ба омӯзгорону маърӯзачиён, хонандагону донишҷӯён, кормандони ниҳодҳои иҷтимоию идеологӣ ва доираи васеи алоқамандони мутолиа пешбинӣ гардидааст.

РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН»

Related Articles