Имрӯз, 29 ноябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Куйвашев Евгений Владимирович дар ноҳияи Данғара аз фаъолияти Минтақаи Озоди Иқтисодии “Данғара” дидан намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ба иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, таъмини рушди иқтидори иқтисодии кишвар, таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор, ривоҷ додани ҳамкориҳои иқтисодии байналхалқӣ, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав ва усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ғайра ин таъсиси Минтақаҳои Озоди Иқтисодӣ мебошад.
Бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маъмурияти МОИ “Данғара” 521,37 га замин аз ҳудуди заминҳои ноҳия ҷудо карда шудааст, ки айни замон 15 корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд.
Айни ҳол 369 нафар дар корхонаҳои ҳудуди МОИ “Данғара” бо ҷойи кор таъмин мебошанд.
Коркарди як қатор маҳсулотҳо аз ҷумла: истеҳсоли ресмонҳои дузандагӣ, матоъҳо ва маҳсулоти тайёр аз ресмони шоҳӣ ва пахтагин, коркарди пусти чорво, рангубор кардани матоъҳо ва истеҳсоли маҳсулоти тайер ва маҳсулоти дузандагии пашмӣ, истеҳсоли курсию мебел, истеҳсоли маҳсулоти гаҷӣ ба роҳ монда шуда ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон