Имрӯз, 29 ноябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Куйвашев Евгений Владимирович дар ноҳияи Данғара аз Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” дидан намуданд.
Корхонаи мазкур аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Маълумот дода шуд, ки ин корхонаи бузург дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ, истеҳсол шудааст.
Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сару либос, ришта ва матоъи кешбофӣ ба кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.
Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1400 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Шветсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.
Дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” истеҳсолшуда барои коркард дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” равона мегардад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон