БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД ВА ГУБЕРНАТОРИ СВЕРДЛОВСК АЗ НБО-И “НОРАК” БА НОМИ ТУРСУН УЛҶАБОЕВ

Имрӯз, 29 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Куйвашев Евгений Владимирович дар шаҳри Норак аз НБО-и “Норак” ба номи Турсун Улҷабоев боздид намуданд.
Бояд қайд намуд, ки рӯзи 24.10.2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО “Норак” ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дод шуд ва бо рафти татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос гардид. Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии НБО “Норак” 375 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи нерӯи барқ 1,4 миллиард кВт соат зиëд мегардад. Бояд тазаккур дод, ки то оғози амалисозии лоиҳа тавононии неругоҳ ба 3000 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи нерӯи барқ 11,2 миллард кВт соатро ташкил медод.
Мақсад аз боздиди неругоҳ густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки ба вилояти Хатлон аз ҷониби Федератсияи Россия 635,1 млн. доллари ИМА сармоя ворид гардидааст, ки онро корхонаҳои зерин ташкил медиҳанд:
1. ҶСК “НЕРӮГОҲИ ОБИИ БАРҚИИ САНГТӮДА-1” истеҳсоли барқ бо маблағи умумии 624,1 млн. доллари ИМА.
2. ҶДММ “МАГНАТЭК ТОҶИКИСТОН” истеҳсоли сузишворӣ бо маблағӣ умумии 9,39 млн. доллари ИМА.
3. ҶДММ “ТЕНТА КУЛОБ” тайёр намудан ва ресандагии нахи пахта бо маблағи умумии 1,6 млн. доллари ИМА.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Куйвашев Евгений Владимирович, раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод, директори неругоҳ Шоиддинов Фазлиддин аз рафти корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳ дидан намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles