Имрӯз, 28 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар мулоқот Ҷӯразода Т. – сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, Исоев Аҳлиддин – намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Мубин Рустамов – роҳбари бахши банақшагирӣ, баҳодиҳӣ ва мониторинг, Заррина Ализода – ҳамоҳангсози барномаҳои ЮНИСЕФ дар вилояти Хатлон, Фозилова Умеда – роҳбари бахши робита, эдвокаси ва шарикӣ ва Отабек Султонов – масъули бахши тандурустӣ оид ба ғизо иштирок доштанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар оғоз оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ изҳори назар карда, изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва “Лоиҳаи “Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа” идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳолии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некуаҳолии оилаҳои камбизоат баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар вилоят мушкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ зиёданд ва ба дастгирии шарикони рушд ниёз доранд. Хусусан, камбудиҳо дар самти норасоии синфхонаҳо, дар сатҳи нокифоя қарор доштани хизматрасониҳои беморхонаҳо ва норасоии боғҷаҳои томактабӣ ба назар мерасанд.
Ҳамчунин, қайд намудан зарур аст, ки Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҷрибаи хуб дар амалисозӣ ва мониторинги барномаҳои рушди маҳал, бахусус шаҳру ноҳияҳоро дорад. Дар ин ҷода зарур аст, ки ҳамкории Намояндаи ЮНИСЕФ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба амалишавии механизмҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал ба роҳ монда шавад.
Сипас, намояндагони шарикони рушд аз фаъолиятҳои худ вобаста ба соҳаҳо ҳисобот доданд. Гуфта шуд, ки барои сайқал додани малакаи ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Ҳадаф аз фаъолият дар ин самт омода кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Инчунин, вобаста ба ғизои солими модару кӯдак барномаи алоҳида фаъолият менамояд, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст.
Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки муддати 14 сол мешавад дар ин созмон кор мекунам ва хуб шуд, ки аз мушкилоти соҳа огоҳ гардидам ва ин метавонад ҳамкориҳои моро густурдатар гардонад.
— Албатта мо метавонем дар робита ба ғизои силими модару кӯдак, таҳсилоти фарогир, ҳодисаҳои фавқулода, тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ бо шумо ҳамкории бештареро ба роҳ монем, — гуфт Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Ҳамзамон, барои ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри рушди соҳаи маориф ташкилот имконияти фаррох дорад. Давоми соли гузашта дар ин самт корҳои зиёде анҷом дода шуд. Ҳоло низ як қатор нақшаҳо тарҳрезӣ карда шудааст, ки давоми соли ҷорӣ метавонем мусоидат кунем.
Қайд гардид, ки сол то сол зиёдшавии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад, ки барои таъмин намудан шароити мусоид талаб менамояд. Хусусан, барои кӯдакону наврасон ҳамасола зарурати сохтмони муассисаҳои нав ба миён меояд. Бинобар ин, ба масъалаи бунёди муассисаву синфхонаҳо ва муҳайё кардани шароити таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус равона гардидааст. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот корбарӣ намудан лозим мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки боварӣ дорам дар оянда низ Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон вилояти Хатлонро бештар дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоии вилоят дастгирӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят саҳми арзандатар мегузоранд.
Раиси вилоят ва намояндгони шарикони рушд изҳори умедворӣ карданд, ки дар доираи ҳамкорӣ, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон