ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Имрӯз, 28-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Тибқи нақшаи ҷаласа, дар оғоз аз тарафи масъулин оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, барқ, маориф, ҷавонон ва варзиш ва дигар роҳбарони муассисаҳои минтақавӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти 10-моҳаи соли равон маълумоти мухтасар ироа карданд.
Сипас, Заробиддин Файзуллозода оид ба масъалаҳои иҷроиши нақшаи кишти картошка дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва Ш.Шоҳин, ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияҳое, ки нақшаи дурнаморо иҷро накардаанд, иҷрои маблағи барқи истифодашуда, кам кардани талафоти барқ, рафти зимистонгузаронӣ дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар назди муассисаҳо, ташкили шанбегиҳо дар рӯзҳои боду ҳавои мусоид, корҳои оммафаҳмонӣ дар самти самти эмгузаронӣ, тайёрӣ ба озмунҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ташкили сомонаҳои расмӣ дар ташкилоту идораҳои минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ташкил кардани барномаҳои телевизионӣ аз кору фаъолияти корхонаю коргоҳҳои истеҳсолкунанда дар минтақа ва ҳаёти шахсони обрӯманд ва хизматнишондода масъулинро муваззаф намуданд.
Баъд аз вазифагузорӣ дар суханронии худ аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ва вохӯриҳояшон бо фаъолони вилоят оид ба таълими наврасон, ҷавонон ва тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олӣ ва томактабӣ, захираи дусолаи хӯрока, кишти саривақтии зироатҳои ғалладонагӣ ва картошка ба таври намуна мисолҳо оварданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин ба кори ҷаласа хотима бахшида‚ бори дигар таъкид ба амал оварданд‚ ки масъулини соҳаҳои дахлдор дар иҷрои вазифаҳои навбатӣ ва минбаъдаи хеш масъул ва серталаб бошанд ва аз натиҷаи корҳои анҷомдода то ҷаласаи назоратии оянда ба МИҲД вилояти Хатлон ахборот пешниҳод намоянд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles