ХАТЛОН. МУАЛЛИМ МАДАМИН АБДУЛҲАМИДОВ 9 МАРОТИБА «ТОҶИКОН» ХОНДААСТ!

Аз ҷараёни даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон”– оинаи таърихи миллат» дар Китобхонаи миллӣ бо афроди гуногун ҳамсуҳбат гаштем, ки яке аз онҳо Мадамин Абдулҳамидови 74-сола, омўзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 16, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аст. Замоне директори мактаб ҳам будааст. Ў дар даври вилоятии ин озмуни бонуфуз ҷойи дуюмро сазовор шуд.

– Чӣ эҳсос фаро гирифтааст шуморо ин лаҳзаҳо?
Ифтихор мекунам ки дар чунин бинои муҳташам дар даври 4-уми озмуни ««Тоҷикон- оинаи таърихи миллат» иштирок дорам. Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардам.
-Мақсади ширкататон дар озмун ҷоиза аст?
Мақсади аслиям на ҷоиза аст, балки гузаштаи таърихи худро омўхтан ва ба аҳли деҳаву ноҳияи худ расондани ин таърихи бою рангин ва арзишманду қадимӣ аст. Ҳарчанд 10 сол таърих мехонам, таърихи халқи тоҷикро. Асари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро ба воситаи як кас 5-6 сол пеш ба нархи 100 сомонӣ харида будам.
-Зарурати баргузории ин озмунро дар чӣ мебинед?
Агар озмун лозим намешуд, як миллиону шашсад ҳазор нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров нашр намегашт. Агар боз ин китобро бо нархи 100-сомонӣ, ки ман харидам, ҳисоб кунем, яксаду шаст миллион сомонӣ мешавад. Бо ин маблағ Пешвои муаззами кишвар, Перезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яксаду шаст мактаби миёна метавонист бисозад. Аҳамияти ин озмунро аз яксаду шаст мактаб боло гузошт. Дар воқеъ кору кирдор, дилсўзии ў ба фарҳангу санъату илму адабиёт ва тарзи роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болост. Ифтихор мекунам, ки чунин Ватан дорам, Тоҷикистон дорам.
-Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро чанд дафъа мутолиа намудед?
Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро 9 бор хондам. Китобҳои дарсии мактаби миёнаро аз синфи 5 то 11 ҳар сол дуборӣ мехонам. Гузашта аз ин барои озмун «Чеҳраҳои мондагор», «Аз Ориён то Сомониён», «Исёни Муқаннаъ, «Куруши Кабир», «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун», «Восеъ» ва хеле китобҳои дигари таърихиву бадеиро хондам.
«Таърихи мухтасари халқи тоҷик» қисми 1-ро пайдо карда натавонистам. Дар ҷустуҷўи ин китоб ба Душанбе омадам. Дар Душанбе ҳам наёфтам. Умр боқӣ бошад, онро пайдо намуда мехонам. Дар нақшаам ҳаст.
-Аз китобҳои мутолианамуда ба чӣ натиҷаи расидед?
Гузаштаи худро фаҳмидам, ки ман тоҷикам, тоҷдорам, авлоди ман аслзода будааст ва имрўз медонам он касоне, «тоҷикон туркҳои форсизабонанд, ки дар зери таъсири адабиёти форс забонашонро гум кардаанд» мегуфтанд, хато мекунанд. Фаҳмидам ки миллати тоҷик қадимитарин миллати олам будааст. Мо маданияти бой дорему миллати бофарҳангем, аз дигар миллатҳо хеле пешрафтаем. Дар ноҳияи Ховалинг Хонақоҳ ҷой ҳаст, ки дар асри санг одамон дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардаанд. Насли одам дар натиҷаи тафаккураш аз асбоби одие ба сатҳи китобхонаи электронӣ, компютер ва кайҳон расид. Аз мутолиаи таърихамон ба ин нукта расидам, ки халқи тоҷик метавонад бо илму дониш ҷаҳонгир шавад, агар хонад.
-Фанни таърих ихтисосатон аст?
Не. Бо амри тақдир ду соат ба синфҳои 5 ғайриихтисос дарси таърихи халқи тоҷик медодам. Барои он ки ин фан ихтисосам нест, ба хондану омўхтани таърихи миллат камар бастам. Донишманде мегўяд илм монанди ҷангал аст, ки даромадан ба он хеле душвор аст, вориди он шудӣ баромадан намехоҳӣ.
Раҳима Аъзам,бахши матбуот варобита бо ҷомеа

Related Articles