БА ОЗМУНИ «РАИЯТПАРВАР”. ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

Эътимоду эътиқоду эҳтироми миллати барӯманди тамаддунтабори тоҷик давоми асрҳост, ки бо камоли боварии тамом дар нисбати корнамоиҳои шарафмандонаи фарзандони фарзонаву фарҳехтаи хеш сар аз қаҳрамонии Шоҳ Исмоили Сомонӣ то ба шумули Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Миллати тамаддунсозу тоҷдори тоҷик дарозои таърих тавониста тинати тозаи ботинашро аз ғаразҳои тирагуни танидаи торупудаш ботил созад, чаро ки дар ин фосилаи фарохи пурпечутоби ҳамвору ноҳамвор, ки борҳо яксара ҳама тан ба куштан додему сар аз бадан барбод, вале асолату муқаддасот ва арзишҳои волои миллии хешро ба гӯшаи хаёл ҳам ба душмани бадсиришт набахшидему таслим низ наомадем, пас хиёнат дар нисбати Ватан дар хӯи фарзанди ин миллат аз кадом патакреша реша давонда? Ё ҳамчун тухми сияҳ аз батни ин миллат асло несту бас.
Боре аснои мутолиа аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” матолибе пеши дидаам расид, ки яке ҳакиме бад-ин шеваву мазмуну муҳтаво ангошта буд, ки ту гуфтӣ, ангезабахши рӯҳу равонаму тушу тавонам шуд.
“Модарам аз Ховалинг асту падарам зодаи Дарвоз. Аммо солҳои бесарусомониҳои кишвар, ҳини ба пойтахт омаданам маҷбур шудам шиносномаамро нобуд созам, чаро ки агар ин намекардам, аз сӯйи гурӯҳҳои мусаллаҳи ба ному нишон номаълум аз кадом манотиқ буданамро агар мефаҳмиданд, маро ҳамоно нобуд мекарданд”…

Related Articles