Дар доираи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят маросими кушодашавии Ҷоми Раиси вилояти Хатлон оид ба тениси рӯйи миз баргузор гардид.
Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят зимни суханронӣ гуфтанд, ки хушбахтона имрӯзҳо бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарту шароит барои ҷавонон ва варзишгарон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ҳамин аст, ки даҳҳо ҷавонон аз вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, парчамбардори кишвар гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо иштироки намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ қуръапартоӣ доир гардида, рақобати онҳо имрӯз, 27 ноябр оғоз мегардад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон