Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ вобаста ба мавзуи тарбияи ватанпарастии ҷавонон суҳбату вохуриҳои тарғиботӣ анҷом дод.
ГУфта шуд, ки манфиатҳои фардӣ боло гузоштани манофеи миллӣ дар мағз андар мағзи ҷони ҷавонон бояд маъво дошта бошад. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикистониён аст ва мо дар ҳифозати хоки муқаддаси аҷдодӣ муваззафем.
Идомаи суҳбати тарғиботӣ бо занону модарони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида, вобаста ба масъалаҳои тарбияи фарзандони ватандӯсту хештаншинос ва саҳми модарон дар ҳидояти фарзандон ба хизмати ҳарбӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Модарон бо қаноатмандӣ аз сиёсати бобарори давлат ҷиҳати таъмини рушди устувори мамлакат ва таъмини сулҳу субот дар кишвар изҳори андеша карда, омодагии худро бобати иҷрои рисолати шаҳрвандии худ изҳор намуданд.
Модароне, ки зиёда аз ду фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудаанд, бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон