Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара биноҳои нави се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар деҳаи «Зарнисор»-и Ҷамоати деҳоти «Сангтӯда»-и ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 барои 240 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва китобхона мебошад.
Инчунин дар деҳаи «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти «Сангтӯда» бинои нави МТМУ №82 барои 180 хонанда дар як баст ифтитоҳ гардид. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва китобхона мебошад.
Дар деҳаи «Дурахшон»-и деҳоти ба номи Исмат Шарифов бошад, бинои нави МТМУ №84 барои 240 хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мактаб аз 2 ошёна иборат буда, дорои 6 синфхона, синфхонаи компютерӣ ва синфхонаи инкишофи кӯдак мебошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон