ШАҲРИТУС. БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ МАКТАБ БАРОИ 480 ХОНАНДА

Субҳи имрӯз, 25 ноябр сафари кории раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Шаҳритус оғоз гардид. Роҳбари вилоят нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11, ки деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов воқеъ аст, огоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Бинои мазкур дуошёна буда, масоҳати умумии 3,60 га-ро ташкил менамояд. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд.

Фармоишгари бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 1 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта, соли 2023 ба истифода дода мешавад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳалӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Баъди ба истифода дода шудани иншооти мазкур 480 ҷойи нишаст дар 2 баст хонандагон фаро гирифта мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар баробари корҳои ба анҷомрасонидашуда дар иншооти бинои муассиса ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуда дар ин самт ҳамарӯза корҳо идома доранд.

Баъд аз шиносоӣ аз ҷараёни корҳо раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён ва масъулин таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ тезонда шавад ва дар амалӣ шудани иқдомоти мазкур қабл аз ҳама роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles