ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗИИ МАДРАСАИ ХОҶА МАШҲАД

Имрӯз, 25 ноябр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ҷараёни корҳои корҳои азнавсозии мадрасаи Хоҷа шинос гардид.

Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми ҳавлии он бо усули муосири меъморӣ азнавсозӣ карда шудааст.

«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад», нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф Александр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақолаи худ.

Иттилоъ дода шуд, ки мадрасаи мазкур дар асрҳои 9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 1 сол як қисми ҳавлии он наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 10 то 15 нафар сокинони маҳалӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Бояд зикр намуд, дар баробари корҳои ба анҷомрасонидашуда дар иншоот ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуда, дар ин самт ҳамарӯза корҳо идома доранд.

Инчунин дар атрофи ин мавзеъ инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузорад.

Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид баъд аз шиносоӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки бояд иншоотҳои ҷашнӣ босифат сохта ба истифода дода шаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles