Имрӯз, 25 ноябр раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ боздид намуданд.
Корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Бинои мазкур масоҳати умумии 0,60 га-ро ташкил менамояд. Фармоишгари корхонаи истеҳсолии шиферҳо ва қубурҳои азбестӣ соҳибкори маҳаллӣ Сатторов Муҳаммад мебошад.
Иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар давоми беш аз 2 сол як бинои наву замонавӣ бо сатҳу сифати баланд сохта соли 2024 ба истифода дода мешавад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки баъди ба истифода дода шудани иншооти мазкур аз 20 то 25 нафар ба фаро гирифта мешавад.
Раиси вилоят аз он изҳори хушнудӣ кард, ки имрӯз соҳибкорони бономуси вилоят барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Саноатикунони босуръати мамлакат саҳми худро мегузоранд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон