24 уми ноябри соли 2024 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини роҳбари Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия Василев Денис бо ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар намуда ба ҳайати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо ҳайати меҳмонон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон ба Федератсияи Россия ва бо кортаъминкушавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия, аз ҷумла тариқи сафарбаркунии муташаккилона мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳайати меҳмонон зимни сафар аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирони шаҳри Бохтар дидан намуданд.
“ХАТЛОН”