ИШТИРОКИ ЗИЁДА АЗ 40 000 НАФАР ДАР РОҲПАЙМОИ

Имрӯз, 24 ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба ин муносибат роҳпаймоии осоишта бо иштироки зиёда аз 40 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар то майдони Исмоили Сомонӣ бо шиору навиштаҷоти пурмазмун иборат аз ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини амният, сарҷамъ сохтани миллат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles