ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз, 24 ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигарон ширкат намуданд.

Нахуст роҳпаймоӣ бо иштироки зиёда аз 40 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар то майдони Исмоили Сомонӣ бо шиору навиштаҷоти пурмазмун иборат аз ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини амният, сарҷамъ сохтани миллат бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Сипас дар майдони Исмоили Сомонӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ таҳният гуфта, изҳор доштанд, ки имрӯз кулли сокинони шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар як санаи муҳимми таърихӣ – 31-умин солгарди қабули Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

— Парчам дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Парчами миллӣ – яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро дорад. Достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунё аст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Мутаассифона, дирафши коваёнӣ бар асари тозиши ваҳшиёнаи тозиён ба замин афтод ва то расидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне то Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 31-солагии он бо як тантанаи бошукуҳ арҷгузорӣ шуд, дигар барафрохта нашуд. Дар бораи сарнагунии дирафши коваёнӣ ва арзиши он Балъамӣ навиштааст: «Чун тозиён хазинаи мулуки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд, то он гавҳарҳо бигшоянд ва он пӯст бисӯхтанд.»

«Оини дигаре, ки дар он замони бостон ривоҷ доштааст, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон, ғолибан шоҳ дирафши меросиро бӯсида, бо тантана ба сипаҳбади шоиста месупорид. Мо шоҳиди он будем, ки дар Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузории парчами миллӣ бо як эҳсосоти фарогир сурат гирифт. Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштагӣ оварда Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буд. Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёгони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд», — илова намуданд Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон.

Гуфта шуд, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлатдории навин мебошанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор хоҳанд буд.

Дар охири ҳамоиши тантанавӣ аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят чорабинии фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles