Имрӯз, 23 ноябр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки Фестивали мазкур аз 3 қисм иборат буда, қисмати аввали онро муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам ифтитоҳ намуда, оид ба зарурати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ доир ба иҷрои корҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва нақши саводнокии молиявӣ дар рушди низоми бонкии мамлакат суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи бонкӣ, соҳибкорони муваффақ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногун марбут ба саводнокии молиявӣ суханронӣ ва оид ба таҷрибаи андухтаашон андешаҳои худро баён намуданд.
Илова бар ин, дар анҷоми қисми якуми фестивал миёни иштирокчиёни он саволу ҷавоб сурат гирифт ва ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби шарикони рушд пешниҳод гардида буданд, тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 500 нафар, аз ҷумла хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ, кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар назар аст, ки қисмати дуюми фестивал дар майдони Нишони давлатӣ “Намоиши маҳсулоти молиявӣ ва суғуртавӣ” баргузор гардад. Дар ин намоиш ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва кӯдакони соҳибкор ширкат варзида, маҳсулоти молиявӣ ва истеҳсолии худро ба иштирокчиён муаррифӣ мекунанд.
Дар қисмати сеюми фестивал чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад, ки дар он сарояндагони шинохтаи эстрадаи тоҷик бо сурудҳои дилчасп табъи иштирокчиёни фестивалро болида хоҳанг гардонд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон