7 НОМГӮИ МЕВАИ СИТРУСӢ ДАР 1 ГАРМХОНА

7 НОМГӮИ МЕВАИ СИТРУСӢ ДАР 1 ГАРМХОНА
— Афлесун
— Мандарин
— Грейпфрут
— Каламондин
— Кумкват
— Лайм
— Лимӯ
Кишоварзони асилу боғдорони пуртаҷрибаи ноҳияи Ҷайҳун бо парвариши навъҳои гуногуни мевагию дарахтони нодир дар саросари кишвар пешсафанд. Дарахти павлония, меваҳои ситрусӣ, ниҳолони пистаи туркӣ ва гули анҷибар (геран) аз қабили онҳост. Қаҳрамони мо аз зумраи нафаронест, ки бо парвариши афлесун, мандарин, грейпфрут, лайм ва дигар меваҳои нодир дар ғанӣ гардонидани бозори истемолӣ бо ин навъ меваҷоти серхаридор саҳми худро гузошта истодааст.
Абдураҳим Тоҳиров лимӯпарвари пуртаҷриба ва номдор аст, ки 35 сол инҷониб ба парвариши меваҳои ситрусӣ машғул мебошад. Дар оғози кор дар 0, 10 гектар замини назди ҳавлигӣ ба парварии ниҳолони лимӯ оғоз намуда, мурури солҳо шумораи гармхонаҳои лимӯпарвариро ба 6 адад расонидааст, ки майдони умумии онҳо 1 гектарро дар бар мегирад.
— Зимни як вохӯрии фаъолону сокинони вилоят бо Президенти кишвар, дар назди Сарвари давлат ҳамчун лимӯпарвари муваффақ баромад карда будам,- ба ёд меорад Абдураҳим Тоҳиров. – Дар он вохӯрӣ Пешвои миллатамон пешниҳод намуданд, ки парвариши меваҳои афлесуну мандаринро ба роҳ монда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо ин гуна меваҳои тропикӣ саҳмгузор бошем.
Ҳамин тариқ, Абдураҳим Тоҳиров баъди чанд рӯзи вохӯрӣ аз пайи пайдо кардани қаламчаи ниҳоли афлесун ва мандарину дигар номгӯи меваҳои ситрусӣ гардид. Дар ниҳолони лимӯи яке аз гармхонаҳои худ қаламчаи дарахтони афлесун, мандарин, лайм, грейпфрут, кумкват, каламондин пайванд кард. Ҳамин тавр, бо гузашти ду сол пайвандҳои ў боровар гардид.
— Агар ниҳоли ин меваҳои ситрусӣ пайвандӣ бошад, пас дар се солагӣ, онҳо ба ҳосил медароянд,-мегӯяд ин кишоварзи таҷрибадор. — Аммо ниҳоли афлесуну мандарин чун лимў серҳосил нестанд ва одатан дар ду сол як маротиба ҳосили хуб медиҳанд. Агар сол мусоид ояд аз як ниҳол 30- 40 килограм меваҷот метавон ҷамъоварӣ намуд. Умуман, аз афлесуну мандарин фоидаи хуб ба даст оварда кори осон нест.
Гармхонаи ин ниҳолони нодир барои Абдураҳим Тоҳиров “боғи модарӣ” ба ҳисоб меравад. Чун ба қавли ӯ 10 сол аст, ки ин 30 ниҳоли гуногуни меваҳои ситрусӣ дар як гармхонаи назди ҳавлии вай қомат афрохтаю ҳосил медиҳанд. Аммо ниҳолони мазкур асосан барои пайванд истифода мешаванд.
— Аз ин дарахтон қаламча гирифта, дар ниҳолони лимӯ пайванд мекунем,- иброз дошт Абдураҳим Тоҳиров. – Ниҳолони пайвандшударо бошад ба нафароне, ки ба парвариш кардани ин навъи меваҳои ситрусӣ ҳавасманданд, пешниҳод месозем. Яъне, ин 30 ниҳол ҳар қадар ҳосиле, ки ба бор орад, дар ҳоли ҳозир барои истеъмоли аҳли оила аст. Кам ҳолатҳо мешавад, ки меваи онҳоро ба фурӯш бароварда бошем.
Аммо ӯ боварии комил дорад, ки дар сурати зиёд кардани ниҳолони ин навъ меваҷот метавонад фоидаи хуб ба даст оварад.
Афзалияти каламондин
Каламондин- намуде аз меваҳои ситрусист. Ҳарчанд каламондин зоҳиран ба афлесун монанд аст, аммо шаклан бисёр хурд буда, тамъи он ҳам аз афлесун фарқ дорад. Зеро афлесун ширину хуштамъ, каламондин туршу хурданаш душвор аст. Дар туршӣ аз лимў дида бартарият дорад.
Ба гуфтаи Абдураҳим Тоҳиров дарахти каламондин дар тамоми фасли сол ҳосил дорад. Дар як вақт дар ниҳоли мазкур ҳам гул, ҳам ғурраю ҳосили нимрасида ва ҳам меваи пухтарасидаро метавон мушоҳида кард.
— Бо дидани ниҳол ё меваи каламондин мардум онро афлесун гумон мекунанд, аммо маззаи каламондин аз лимў фарқ дорад.
Кумкват ё лимӯи хурд
Кумкват меваест, ки ҳаҷман ба олуболу шаклан ба лимӯ монандӣ дорад, аммо тамъи он ба мисли мандарин аст. Ранги меваҳои он норинҷист ва онро одатан бо пӯсташ истеъмол мекунанд.
Ба гуфтаи мутахассиси меваҳои ситрусӣ, ниҳоли кумкват аз 2 то 5 метр баланд гашта, вобаста ба ҳаҷм, як ниҳол то ба 100 ё 1000 мева бастанаш имконпазир аст.
— Дар маҷмуъ ҳар яке аз ин меваҳои ситрусӣ ба шакл ва тамъ аз ҳам дигар тафовути зиёд доранд. Нигоҳубини ниҳолу дарахтони ин меваҳо низ монанди павариши лимӯ аст ва дар фасли зимистон бояд ниҳолони ситрусиро аз сардиҳо эмин нигоҳ дошт,- иброз дошт Абдураҳим Тоҳиров.
Ба гуфтаи ӯ истифодаи порӯ, пошидани нуриҳои минералӣ ва нарм нигоҳ доштани бехи ниҳолон аз омилҳои муҳими дарозумрӣ ва серҳосил гардидани дарахтони ситрусӣ арзёбӣ мегардад.
Хотима
Абдураҳим Тоҳиров ният дорад парвариши ин намуди меваҳои ситрусиро, ки дар бозорҳои мамлакат харидори зиёд доранд, рушду равнақ дода, бо бештар кардани ниҳолони ин қабил мевагиҳо, ҳосилро фаровон, бозорҳоро ба меваҳои ситрусии ватанӣ ғанӣ гардонад. Зеро ба қавли ӯ кишоварзони тоҷик ба ҳар коре, ки ҳиммат банданд, ҳатман муваффақ мешаванд.
Чуноне, ки баъди ба иқлими минтақа мутобиқ намудани меваи лимӯ ҳаминак, ҳосили гармхонаҳои лимӯпарврии сокинони ноҳияи Ҷайҳун натанҳо талаботи аҳолии мамлакатро қонеъ мегардонад, балки ҳамасола садҳо тонна лимӯи хушсафтро ба хориҷ аз кишвар содирот менамоянд.
Аз ин лиҳоз умеду боварӣ дорем, ки бо зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои парвариши ниҳолони афлесун, мандарин, лайм, грейпфрут, каламондину кумкват, воридоти меваҳои онҳо низ ба дохили кишвар коҳиш ёфта, дар солҳои оянда барои хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун содироти ин гуна меваҷот ба хориҷи кишвар низ муяссар мегардад.
Низоми Исо, маҷаллаи «Сафо»

Related Articles