БОҒИСТОНИ ПИСТА ДАР ҶАЙҲУН

Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки “Меҳнат шараф аст”. Агар меҳнат азобу ранҷ бошад, пас шараф ва ифтихор дар пушти он ниҳон аст. Инсон, то ки ба мақсуди дили хеш расад, ҳатман бояд заҳмат бикашад.

Фаррух Шодиев, деҳқони таҷрибадоре аз ноҳияи Ҷайҳун мебошад, ки имрӯзҳо меҳнаташ самар овардааст. Пистазори ин деҳқони чашмикордон, ки 12 гектарро дар бар мегирад, нашъунамояш хуб буда, дар назар аст, ки аз ҳар як дарахт ба ҳисоби миёна 10 килограмм ҳосил рӯёнида шавад.

— Зимистони соли 2009 пеши худ мақсад гузоштем, ки боғи пистаро бунёд намоем,- аз оғози кори пистапарварӣ қисса намуд Фаррух Шодиев. — Ин нияти мо ба зудӣ амалӣ гардида, соли 2010 дар заминаи Хоҷагии ёрирасони ширкати “Салоса” парвариши пистаро ба роҳ мондем. Донаҳои беҳтарини пистаро интихоб карда, онҳоро дар дохили гармхона дар халтачаҳои махсус шинонидем. Чун ниҳолакони писта се сола шуданд, онҳоро ба ҳавои кушод кўчонида, пайванд кардем ва нигоҳубинашонро давом додем. Ҳамин тавр бо гузашти беш аз 10 сол боғи мо ба ҳосил даромад ва марҳила ба марҳила тамоми нозукиҳои парвариши дарахти пистаро омӯхтем.

Фаррух Шодиев мегӯяд, ки солҳои аввали парвариши писта аз камтаҷрибагӣ қисме аз дарахтон хушк шуданд. Вале аз ин ноумед нагардида, дар натиҷаи омӯзишу маслиҳатпурсӣ аз мутахассисони соҳа муваффақ гашт.

Айни замон дар боғи Фаррух Шодиев беш аз 1500 дарахти писта, аз қабили навъҳои “Аҳмадӣ”, “Акбарӣ” ва “Фандуқӣ” парвариш мешаванд, ки ҳамаи онҳо аллакай ҳосилдеҳ буда, ба иқлими ноҳияи Ҷайҳун мутобиқ мебошанд. Аз ҳама бештар навъи пистаи “Аҳмадӣ” маъмул аст, ки ҳосилнокиаш зиёд буда, серхаридор аст.

Ба гуфтаи Фаррух Шодиев писта дарахти солбанд, яъне як сол ҳосили фаровон медиҳаду соли дигар камҳосил аст.

– Имсол ҳосил хеле фаровон аст, мо азм дорем аз ҳар як дарахт 10 килограмми пистаи тоза ҷамъоварӣ намоем. Харидорон аз дари хона омада, ҳар як килограмм пистаро бо арзиши 170 сомонӣ мехаранд, — гуфт дар идомаи суҳбат ў.

Чун боғи пистазори Фаррух Шодиев ҳосилдеҳ шуд, ин деҳқони серталош дар ҳамкори бо шарикони рушд соҳиби дастгоҳу таҷҳизоти пистатозакунӣ гардид. Акнун ҳосили боғи хешро ҷамъоварӣ намуда, бо истифода аз дастгоҳҳои наву замонавӣ онро коркард мекунад ва бо сифати баланд маҳсули дастранҷи хешро пешкаши харидорон мегардонад.

Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки майдони пистазорро зиёд намояд. Аллакай беш аз 50 ҳазор ниҳоли пистаро омода кардааст, ки соли оянда қисмате аз онҳоро пайванд карда, як боғи дигар бунёд менамояд. Ҳамчунин, Фаррух Шодиев иқдоме пеш гирифтааст, ки фурӯши дарахти пистаро ба роҳ монад. Аз ин ҳисоб низ фоидаи хубе ба даст меояд. Арзиши як дарахти бепайванд 30 сомонӣ буда, дарахти пайвандӣ 170 сомонӣ нарх дорад. Дарахте, ки пайванд карда мешавад, ҳамаи хусусиятҳояш омӯхта мешавад. Аз ин лиҳоз, тавсияи Фаррух Шодиев ин аст, ки ҳатман пистапарварон аз дарахти пайвандӣ истифода намоянд.

Иқлими ноҳияи Ҷайҳун барои парвариши писта хеле мувофиқ буда, барои ба пуррагӣ мағз гирифтани он, давоми сол тақрибан 40 рӯз ҳарорати ҳавои гарми аз 40 дараҷа боло лозим аст. Аз ин лиҳоз чун ноҳияи Ҷайҳун минтақаи гарм ба ҳисоб меравад, парвариши писта дар ин ноҳия қулай мебошад.
Ба гуфти мутахассисон дар тамоми манотиқи гарми Тоҷикистон имкони парвариши писта вуҷуд дорад.

Агар аз ҳазор дарахти боғи Фаррух Шодиев ба андозаи 10 килограмми ҳосил рӯёнида шаваду он бо арзиши 170 сомонӣ фурӯхта шавад, пас ҳисоб кунед, ки чӣ қадар фоида ба даст меояд. Ин таҷриба бояд, ки ҳатман рушд дода шавад.
Танҳо заҳмати ҳалолу содиқона лозим. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд:

Зи меҳнат нони беминнат барояд,
Зи меҳнат ганҷи пурқиммат барояд.

Тавсияҳои судманди Фаррух Шодиев ба пистапарварон:
Ҳатман бояд донаи беҳтарини писта интихоб гардад, ки нутфааш дар дохили мағз пухта бошад. Моҳи январ барои шинонидани донаи писта қулай аст. Дар халтачаҳои махсуси донашинонӣ 50 фоиз биогумус ва 50 фоиз сафедхок ҳамроҳ карда онро мешинонед. Агар ба ин омехта торф ҳамроҳ карда шавад, бояд, ки 5 дарсад оби оҳак низ илова гардад. Оби оҳак турширо аз байн мебарад ва дарахт бенуқсон ба воя меравад.

Пеш аз шинонидан ҳатман, ки донаи писта ба муддати як шабонарӯз тар карда шавад. Донањоро дар дохили халтачаҳо дар чуқурии як сантиметр шинонидан лозим. Ин кор ҳатман, ки бояд дар дохили гармхона ба роҳ монда шавад. Ҳарорати ҳавои гармхона бояд то 23 — 27 дараҷа гарм бошад. Ҳамарӯза андаке об додан лозим. Шуруъ аз моҳи май, ки дигар яхбандӣ намешавад, ниҳолчаҳое, ки тақрибан 10 – 15 сантиметр мешаванд дар ҳавои кушод шинонида мешаванд. Дар муддати беш аз як соли нигоҳубин ин ниҳолакҳо ба ҷойи асосӣ кўчонида шуда, ҳатман бояд пайванд карда шаванд.

Сулаймон Султонов,  маҷаллаи «Сафо»

Related Articles