СУҲБАТ БО ҶАВОНОН

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар заминаи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид имрӯз дар ноҳияи Носири Хусрав бо ҷавонон ва волидайни онҳо суҳбат анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба мавзуъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва рӯ овардан ба илмҳои замон сухан рафт.

Волидайни сарбозони дугоник Ҳусайн ва Ҳусайн, ки дар мавсими тирамоҳии соли ҷорӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд ва ба ҷавононе, ки аз хизмат баргаштанд, сипосномаю туҳфаҳо супорида шуд.

Ҳамзамон аз дидбонгоҳи сарҳадии Сангоба, ки дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав воқеъ аст, масъулини Раёсат боздид намуда, ба афсарону сарбозон сипоснома, туҳфаҳо ва лавозимотҳои варзишӣ тақдим намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles